Хабаргузории туркии « Аксам » бо истинод ба сарчашмаҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ному насаби қотилони эҳтимолии пешвои созмони «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватовро ифшо намуд. Аз онҳо Суҳроб Г. ва Баҳодур А. ном бурда мешавад. Ҳардуи онҳо баъди чанд рӯзи ҳодисаи куштор боздошт шудаанд.
Бино ба иттилои хабаргузории TojNews , қатли Умаралӣ Қувватов муташаккилона сурат гирифта, Сулаймон Қаюмов низ бо нафароне, ки ӯро ба қатл расондаанд, ҳамдастӣ доштааст.
TojNews бо истинод ба хабаргузории туркӣ менависад, натиҷаи тафтишот муайян кардааст, ки ду нафар нишонгир дар кӯчаи пушти хонаи Сулаймон Қаюмов иҷоранишин буда, дар яхдони онҳо изи ангуштони Сулаймон пайдо шудааст ва ин гувоҳи он аст, ки сӯиқасд муташаккил буда, онҳо дар якҷоягӣ амал кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан Сулаймон Қаюмов, гумонбаршуда дар куштори Умаралӣ Қувватов изҳор дошт , ки ӯ аз дасти муҳофизаш кушта шудааст. Ба навиштаи нашриёти туркии Hurriyet , гумонбари асосӣ дар куштори Умаралӣ Қувватов дар баёноти иборат аз 12 саҳифаи худ дар ин бора маълумот дод.
Умаралӣ Қувватов рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуда, ҷасади ӯ рӯзи 9 март дар ин кишвар ба хок супурда шуд. Маросими ҷанозаи Қувватов дар ҳамон масҷиде, ки муддате ӯ бо аҳли оилааш дар он иқомат дошт, баргузор гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста