Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, воситаҳои нақлиёти кишвари ҳамсояи Қирғизистон барои муоинаи гумрукӣ боздошт шуданд.
Бино ба иттилои дафлатри матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, тафтишот муайян намудааст, ки дар бордони воситаҳои нақлиёти мазкур нуриҳои минералии намуди «селитра» ба миқдори 24 ҳазор кг ва намуди «карбамид» ба миқдори 96 ҳазор кг истеҳсоли Ҷумҳурии Узбакистон дарёфт шудааст.
Гуфта мешавад, молҳои мазкур ба Мирфаёз Муқумов, сокини 31-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва сокини шаҳри Истаравшан ва Абдусалом Абдушукуров тааллуқ дошта, аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави гумрукии кишвар бо роҳҳои ғайрирасмӣ бидуни пардохтҳои гумрук и ворид шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати шаҳрвандони номбаршуда бо моддаи 289 қ.1 КҶ ҶТ парванда оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста