Собиқадори мақомоти амнияти давлатӣ, коршиноси мустақили тоҷик оид ба масоили инъикоси терроризм Давлатхоҷа Назиров чунин мешуморад, ки абарқудратони имрӯз, кишварҳое ба монанди ИМА ва Русия ба бештар роиҷ гардидани ба истилоҳ пешгӯиҳо барои минтақаи Осиёи Марказӣ, асосан Тоҷикистон дар бораи оқибати таҳдидҳои созмонҳои террористие чун Давлатии исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ҳаракати Толибон манфиатдоранд.
Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» номбурда дар ин робита изҳор намуд, ки ҳадафи аслии паҳнкунии ин пешгӯиҳо дар бораи таҳдидҳои беруна, ки ба амнияти Тоҷикистон хатар эҷод мекунанд, нарму гапдаро кардани кишвари мо дар роҳандозии масъалаҳои сиёсати минтақавӣ аст.
«Ҳама гуна навъи террористон ба хубӣ огаҳанд, ки аз амнияти Тоҷикистон дар баробари қувваҳои мусаллаҳи миллӣ ҳамчунин пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, кишварҳои узви СААД ва дар баъзе ҳолатҳо кишварҳои узви СҲШ низ ҳимоят мекунанд ва танҳо аблаҳ метавонад бо чунин нерӯҳо ҷанг эълон кунад. ДИИШ ва Толибон дуртар аз Афғонистон қадам намегузоранд», - мутмаин аст коршинос.
Коршинос ҳамчунин илова намуд, ки кайҳост, ки дар қаламрави Афғонистону Покистон пайдо шудани гурӯҳи Хуросони ДИИШ ба қайд гирифта шуда, тӯли солҳои зиёде Толибон он ҷо меҷанганд, вале маротибае ҳам онҳо ба ҳаракат ба дуртар аз ин қаламрав, ба Осиёи Миёна талош наварзидаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста