Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққтан дар пойтахти Яман кору зиндагӣ доранд, аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки барои берун шудан аз шаҳри Санъо ва ба ватан баргаштанашон кумак расонанд. Даъватҳои онҳо ҷиҳати кумак дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд.
Ба «Азия-Плюс» муяссар шуд, ки тариқи телефон бо яке аз оилаҳои табибони тоҷик тамос бигирад, ки аллакай муддати 8 сол дар Санъо кор мекунанд. Ба гуфтаи ҳамшираи шафқат Шаҳноза, бомбаборони Санъо соати 02-15 дақиқаи вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.
«Аз соати 2-и шаб то 9-и субҳ беист бомбаборон сурат гирифт. Минтақае, ки бомбаборон мешавад, дар 10 дақиқаи расидан аз макони мо қарор дорад. Ман ба ҳамкори худ, ки он ҷо зиндагӣ мекунад, занг задам ва ӯ гуфт, ки тамоми шаб бо оилаашон дар таҳхона пинҳон шудаанд», - мегӯяд зан.
Ба қавли Шаҳноза, дар пойтахти Яман тақрибан 800-900 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иқомат доранд. «Танҳо ман шахсан ҳудуди 100 нафар табибонро мешиносам ва агар аъзои оилаи онҳо ва дигар шиносҳоро ба ҳисоб гирем, ин ҷо на камтар аз 800 нафар тоҷикон ҳастанд», - мегӯяд Шаҳноза.
Табибзани тоҷик изҳор намуд, ки онҳо нияти ҳарчи зудтар тарк кардани Санъоро доштаанд, вале замоне,ки ба хоҳараш занг зада, аз ӯ фармоиши харидани билетҳои ҳавопаймоиро дархост мекунад, маълум мешавад, ки фурудгоҳ комилан хароб шудааст, яъне акнун ҳавопаймоҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия, ки соли 2010 ба берун шудани шаҳрвандони Тоҷикистон кумак карда буданд, дигар ба ин ҷо фуруд омада намтавонанд. «Ин ҷо боз ман дарак ёфтам, ки Русия барои берун бурдани шаҳрвандонаш ният надорад, зеро ин ҷо онҳо хеле кам мондаанд», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи зан, пас аз рӯйдодҳои соли 2010 онҳо бинобар сабаби пайдо кардани кори муносиб ва пешбурди рӯзгор дубора ба ин кишвар баргаштаанд. «Мо огаҳем, ки ахири соли гузашта Вазорати корҳои хориҷӣ аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон даъват карда буд, ки ба ватан баргарданд, лекин мо гумон надоштем, ки кор то ба бомбаборон мерасад, зеро худи яманиҳо шахсони хубанд ва занонро ин ҷо умуман касе озоре намедод. Вақте ҳамвтани моро аз Панҷакент рабуданд, мо то охир бовар доштем, ки ин ҳодиса воқеъӣ нест, чунки пештар чунин ҳодиса дар ин ҷо ҳеҷ гоҳ рух надода буд», - мегӯяд Шаҳноза.
Замони суҳбат бо телефон ҳамлаи ҳавоӣ ба шаҳри Санъо аз нав сурат гирифт, зеро зарбаҳои ҳавопаймоҳо аз телефон ҳам шунида мешуд.
«Ин воқеъан ҳам даҳшатовар аст. Ҳарчанд мо ин ҷо ба тирпаррониҳо одат карда бошем ҳам, вале зарбаҳои ҳавоӣ мудҳиш аст. Аз интернет огаҳ мешавам, ки танҳо иншооти низомӣ таҳти зарбаҳои ҳавоӣ қарор мегиранд, вале бисёр мисолҳое ҳастанд, ки дар интихоби ҳадафҳо иштибоҳ шудааст. Ин ҷо хеле хатарнок аст», - гуфт Шаҳноза.
Ба гуфтаи ӯ, онҳо аллакай муддати як шабонарӯз ҳадди ақал дастгирии маънавиро аз Вазорати корҳои хориҷӣ интизоранд, то ки онҳоро огоҳ созанд, ки бо Русия ё дигар кишварҳо барои пешниҳоди аққалан як долон ба муддати ним рӯз ҷиҳати тарк кардани ин кишвар гуфтушунид доранд. «Вале хомӯшӣ, гӯё моро фаромӯш карда бошанд», - нигаронӣ дорад зан.
Айни замон танҳо намояндаи ширкати «Здрав экспорт» Манучеҳр Абдуев табибони тоҷикро аз лиҳози маънавӣ дастгирӣ намуда, мудом дар тамос аст ва хотирҷамъ месозад, ки ҳамаи онҳо аз ин кишвар берун бурда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки шаби 26 март Арабистони Саудӣ ва иттифоқчиёни ӯ алайҳи шиаҳои ҳусӣ дар Яман амалиёти низомиро оғоз намуданд. Аллакай субҳи рӯзи 26 март дар бораи ҳалокати аҳолии осоишта бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ маълумот интишор шуд.
Бино ба иттилои радиои «Озодӣ» , Амрико ва Лигаи Араб аз ҳамлаҳои таҳти раҳбарии Саудия алайҳи шиаҳои ҳусӣ дар Яман пуштибонӣ карда, аммо Эрон хостори хатми билофосилаи ин амалиёт шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста