Таҳти раёсати вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо бо иштироки комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар ва намояндагони Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ машварати корӣ доир гардида, дар он масъалаҳои марбут ба ташкил ва баргузории маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ дар сафҳои Артиши миллӣ, ки 1 апрел оғоз мегардад, барррасӣ шуданд.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар машварат ҳамчунин масъалаҳои риояи қонун зимни даъвати наваскарон ба хизмат, муоинаи тиббии хушсифати даъватшавандагон, баргузор намудани вохӯриҳо бо даъватшавандагони имконпазир ва волидони онҳо низ матраҳ гардиданд.
«Дар машварат ба масъалахои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, аҳли ҷомеа, фаъолон, кумитаҳои падару модарон ҳангоми маъракаи даъват таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид», - таъкид кард манбаъ.
Маҳмадлиев қайд кард, ки вазир аз комиссарони ҳарбӣ тақозо намудааст, ки ба падидаҳое чун боздошти ғайриқонуниву ба хизмат овардани даъватшавандагон (облава) ва муносибати дағалона бо онҳо хотима бахшида шавад.
«Шералӣ Мирзо таъкид дошт, ки фаъолияти комиссарони ҳарбӣ дар давраи маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ бояд дар доираи қонунгузорӣ, талаботи президенти мамлакат ва дастурҳои вазорат ба роҳ монда шавад», - афзуд сарчашмаи хабар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста