Дар саҳифаҳои Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳалокати 3 тан аз тоҷикистониён дар сафҳои ҷангиёни ДИИШ маълумот интишор шуд.
Тибқи як хабар дар саҳифаи ДИИШ дар Твиттер рӯзи 30 март, дар ҷануби шаҳри Бағдод як тоҷикистонӣ бо исми Абӯайюб ҳамроҳ бо як шаҳрванди Ӯзбекистон кушта шудааст. Худи ҳамин рӯз дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ боз Султон ва Имрон ном низ шахсон аз Тоҷикистон ҳалок шудаанд.
Чанде қабл сокини ноҳияи Фархор Абдулмаҷид Наботов ба радиои «Озодӣ» иттилоъ дода буд, ки ба тахминаш писари 28-солааш Насим Наботов, ки замоне донишҷӯи донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи Ломоносов будааст, ҳоло дар Сурия қарор дорад.
Гуфта мешавад, Насим Наботовро чанд сол пеш падараш аз таҳсил дар донишгоҳи Ломоносови шаҳри Маскав маҳрум карда, ба Тоҷикистон овард, то роҳи ифротӣ шудани ӯро бигирад. Аммо наздиконаш гуфтаанд, вақтҳои охир ӯ бештар аз "ҷиҳод" сӯҳбат мекард ва чанде қабл ба таври ногаҳонӣ "ғайб зада", ба эҳтимоли зиёд ба Сурия рафтааст.
Ҳамчунин қаблан дар навори шабакаи телевизиони русиягии «Сарград» (Царьград) изҳор гардид, ки миёни муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Екатеринбург видеороликҳои сабтшуда дар Ироқу Сурия паҳн карда мешаванд, ки дар онҳо муҳоҷиронро бо ваъдаи маблағи зиёди пуливу «ҳаёти беғам дар қаламрави Халифат» ба пайвастан ба ҷиҳод даъват мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти хадамоти махсуси Тоҷикистон, ба аввали моҳи январи соли ҷорӣ ҳудуди 300 нафар тоҷикон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ҳузур дошта, 50 нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд, аммо ба иттилои худи ҷангиён, айни замон аз Тоҷикистон дар сафҳои Халифат 1000 нафар меҷанганд ва 500 нафари онҳо фавтидаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста