Муовини прокурори генералӣ, сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Сафаралӣ Мирзозода дар машварати кории рӯзи 30 март аз масъулони корҳои ташкили даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ, ки 1 апрел шурӯъ мегардад, даъват намуд, ки дар ҷараёни даъват қатъиян ба қонун риоя карда, ба таҷрибаи даъвати ғайриқонунии наваскарон ба хизмат хотима бахшанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, дар машварати корӣ кормандони сохторҳои қудратӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, комиссарони ҳарбии вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар ва фармондеҳони қисмҳои низомӣ иштирок карданд.
«Дар машварат ба масъалаҳои аз муоинаи хушсифати тиббӣ гузаштани даъватшавандагон, роҳ надодани ба содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ҷараёни даъват ва фароҳам овардани шароити мусоид барои кори аъзои комиссияҳои даъват дар тамоми манотиқи кишвар таваҷчуҳи хосса зоҳир гардид», - гуфт манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста