Аксари табибони тоҷики машғули кор дар Яман ба тарк кардани ин кишвар хоҳиш надоранд, зеро аз шароити мавҷуда дар он ҷо комилан розианд.
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки кормандони намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ айни замон ба масъалаи кӯчонидани шаҳрвандони тоҷики дар Яман қарордошта машғуланд.
«Аксари табибони мо дар манотиқи деҳот кор мекунанд, ки аз макони даргириҳои мусаллаҳона хеле дуртар ҷойгиранд. Тариқи телефон онҳо ба кормандони сафорати мо хабар додаанд, ки барои саломативу ҳаёти худ ҳеҷ хатаре эҳсос намекунанд ва аз кори худ қаноатманд буда, саривақт музди меҳнаташонро дастрас менамоянд. Аз ин рӯ, хостори идомаи кор дар Яман мебошанд», - гуфт намояндаи ВКХ ҶТ.
А.Атоев дар идома зикр кард, ки дар ҳамдастӣ бо Русия рӯйхати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба кӯчидан ниёз доранд, таҳия карда мешавад. «Барои кӯчонидани шаҳрвандони ниёзманди кишвар ба ватан ё ба макони амну бехатар, масалан ба Арабистони Саудӣ мо аз тамоми имконот истифода мекунем. Бисёре аз табибони моро бо ҷойи корӣ дар Яман ширкатҳои русиягӣ таъмин намудаанд ва барои таъмини амнияти онҳо масъулият ҳис мекунанд», - таъкид дошт номбурда.
Дар бораи шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хостори тарк кардани Яман ҳастанд, аз Вазорати корҳои хориҷӣ маълумоти саҳеҳ дастрас нашуд.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки сохторҳои дахлдори Русия ҷиҳати мусоидат ба хориҷ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман омодагӣ изҳор намуданд. Дархости расмӣ ва рӯйхати тоҷикистониёни муқими Яман ба Вазорати корҳои хориҷии Русия фиристода шуда, онҳо ба расонидани кумаки ҳамаҷониба ва мусоидат дар ҳалли масъалаи мазкур омодагӣ изҳор намудаанд.
Ёдрас мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар пойтахти Яман кору зиндагӣ доранд, аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки барои берун шудан аз шаҳри Санъо ва ба ватан баргаштанашон кумак расонанд. Даъватҳои онҳо ҷиҳати кумак дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста