Марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон оид ба бидуни мавҷуд набудани таҳдиди бевосита ба амнияти давлатҳо истифода накардан аз аслиҳа тавофуқ ҳосил намуданд.
Бино ба иттилои хабаргузории 24.kg бо истинод ба Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Қирғизистон, имрӯз дар Исфара вохӯрии ҳайатҳои мақомоти марзбонии ҳарду кишвар баргузор шудааст.
Роҳбарони мақомоти марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон Раимбердӣ Дуйшенбиев ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ оид ба хусусият ва тамоилҳои вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди он дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва тадбирҳо ҷиҳати беҳбуди посбонӣ дар марзи давлатӣ табодули афокр намудаанд.
«Дар вохӯрӣ ба масъалаи ҳолати посбонии марз дар қитъаҳои то ҳол миёни ҷонибҳо мувофиқанашуда таваҷчуҳи хосса зоҳир гардида, ҷонибҳо таъкид доштаанд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинони маҳаллаҳои аҳолинишнини наздимарзӣ муҳим буда, онро мунтазам мебояд роҳандозӣ намуд», - қайд мешавад дар хабар.
Гуфта мешавад, роҳбарони мақомоти марзбонии кишварҳо уҳдадор шудаанд, ки дар самти роҳ надодан ба ҳодисаҳои мухолифатомез ва саривақт пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ дар марз тадбирҳои муштарак меандешанд.
Дар санад ҳамчунин қайд шудааст, ки «дар сурати мавҷуд набудани таҳдиди бевосита ба амнияти давлат, ҳаёт ва саломатии хизматчиёни ҳарбӣ, ҷонибҳо аз истифодаи аслиҳа ва воситаҳои махсус нисбати шаҳрвандон ва хизматчиёни ҳарбии ҳарду тараф худдорӣ меварзанд».
То анҷоми аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба итмом расидани аломатгузорӣ ва таъйини марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон, ҳимояи марз дар қитъаҳои мувофиқанашудаи вилоятҳои Суғду Ботканд бо тартиби пешина аз ҷониби нерӯ ва воситаҳои айни замон мустақар дар он ҷо амалӣ карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста