Шумори аҳолии ба Сурия сафаркардаи ҷамоати Чорқишлоқи шаҳри Исфара меафзояд. Бино ба маълумоти мақомоти расмӣ, агар моҳи октябри соли гузашта 20 сокини ҷамоат дар Сурия ҳузур дошта буданд, пас айни замон шумори онҳо ҳадди ақал то 30 нафар расидааст.
Сармутахассиси шуъбаи умури дини ҷамоати Чорқишлоқ Мубашир Мирзохӯҷаева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки моҳи март боз ду тан аз сокинони ҷамоат ҷиҳати иштирок дар даргириҳои Сурия ба ин кишвар рафта, аз аҳолии 5-ҳазорнафараи ҷамоат 7 ноболиғ, 5 нафар занон ва 20 нафар мардон дар Сурия қарор доранд, ки тибқи баъе маълумот, ду нафари онҳо ҳалок шудаанд.
«Вале ин маълумоти саҳеҳ нест. Аксари муҷоҳидони маҳаллӣ худро ҳалокшуда эълон мекунанд, то ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба оилаи онҳо барои бозпурсии аҳли оилаву наздиконашон нараванд», - ибрз дошт номбурда.
Ба қавли ӯ, ҳар ҳафта дар намози ҷумъа имомахатибон ба ҷавонон моҳияти ҷиҳодро шарҳ дода, ҳамчунин намояндагони Кумитаи дин ва мақомоти ҳукумати маҳаллӣ бобати ин масъала бо онҳо вохӯриву суҳбатҳо мегузаронанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста