Сумайя Раҳматова, духтари 14-солаи тоҷик, ки ҳамроҳи модар ва се бародараш дар пойтахти Миср иқомат дошт, бар асари шиканҷа ва таҷовуз ба номус ба ҳалокат расид.
Сардори департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зодаи Душанбе Сумайя Раҳматова рӯзи 28 март барои харидории шириниҳо аз мағозаи назди манзили зисташон аз модараш иҷозат пурсида, аммо ба гуфтаи модараш, агар ӯ ҳамеша баъди гузашти 10-15 дақиқа аз мағоза бармегаштааст, ин дафъа аз он ҷо баъди 2 соат баргаштааст.
«Тамоми сарулибоси ӯ ба хун олуда буд. Духтар сухане ба забон оварда натавониста, гиря мекардааст ва ҳамеша бо ангуштонаш рақами «се»-ро нишон медодааст. Пас аз гузашти 20 дақиқаи ба манзил расидан ӯ дар дастони модараш ҷон додааст», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи Атоев, моҳи июни соли 2014 Сумайя ҳамроҳи модар ва се бародараш ба Миср рафта, дар манзили иҷора дар Қоҳира зиндагӣ мекардаанд. Падарашон дар Русия, дар яке аз ширкатҳои шаҳри Красноярск кор карда, ҳар ду моҳ аз аҳволи оилааш дар Миср хабар мегирифтааст.
«Ҳодисаи мазкур таҳти назорати ҷиддии сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира қарор дорад. Мақомоти пулиси Қоҳира якчанд нафар афроди гумонбарро боздошт намуда, тафтишот идома дорад», - қайд кард Атоев, вале аз сабабҳои марги духтари ноболиғ ҳарфе нагуфт.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ВАО-и Миср, мақомоти пулиси ин кишвар қаблан дар бораи таҷовуз ба номус ва куштори духтари 14-солаи тоҷик иттилоъ дода буд. Тафтишоти пешакӣ нишон додааст, ки то марг духтар мавриди таҷовуз ва шиканҷа қарор гирифтааст. Мақомоти пулис итминон додаанд, ки барои ошкор сохтани сабабҳои марги духтари тоҷик ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста