Ҳавопаймои Русия бо 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки рӯзи панҷшанбе аз Санъо парвоз карда буд, баъди ист барои сӯзишворӣ дар Қоҳира шоми рӯз ба Маскав фуруд омад.
Бино ба иттилои намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод, ҳавопаймои дуюми Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия низ дирӯз аз Санъо ба самти Маскав парвоз карда, дар дохили он боз 10 шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.
«Ин маълумотро сафири Тоҷикистон дар Қатар Ардашер Қодирӣ низ тасдиқ намуд. Ҳамин тариқ, айни замон 17 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман бароварда шуда, қисмати зиёди шаҳрвандони мо рӯзи 4 апрел тариқи ҳавопаймои КҲФ Русия аз Яман хориҷ карда мешаванд», - қайд кард Эгамзод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ситоди сафорати ҶТ дар Русия таҳти роҳбарии Ашраф Гулов то аз Яман берун бурдани шаҳрвандони Тоҷикистон реҷаи навбатдории аъзои ситод ташкил шудаааст. «Навбатдорони ситод бо маркази буҳронии Вазорати корҳои хориҷии Русия доимо дар робита мебошанд», - афзуд намояндаи расмии сафорат.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста