Зимни вохӯрӣ бо иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Бишкек, ки ахири ҳафтаи гузашта баргузор шуд, президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев изҳор намудааст, ки кишвараш ба кумак расонидан ба Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ омода аст.
«Ман огаҳам, ки шумо чанде қабл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)-ро гузаронидед. Мо ба иҷрои қарорҳои он ҷо қабулшуда омодаем. Баҳри кумак ба Тоҷикистон - ҳамсоякишвари худ омодаем. То ҷое ман огаҳӣ дорам, Русия ҳам аллакай кумаки назаррас ваъда кард», - иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ бо истинод ба гуфтаҳои президенти Қирғизистон.
Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД доир гардид, ки дар он мушкилоти муосири сиёсати байнулмилалӣ, аз ҷумла масъалаи муқовимат бо таҳдидҳои терроризми ифротгароӣ аз ҷониби гурӯҳҳои шомил ба «Давлати исломӣ» баррасӣ шуданд.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи мазкур вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров аз ҷумла изҳор намуда буд, ки Душанбе ба таҳдидҳои афзоишёбанда «аз самти ҷануб дар робита ба муташанниҷ шудани вазъ дар Афғонистон дучор мешавад, ки дар баробари гурӯҳҳои маъмулан ифротгарои дар он ҷо ҳузурдошта (бо шумули «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», Ҳаракати исломии Туркистон», «Ал-Қоида»), имрӯз аллакай «Давлати исломӣ» ҳам ҳузур пайдо кардааст».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста