Дар ҷаласаи дурӯзаи Кумитаи низомии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки имрӯз дар Душанбе ба кор шурӯъ мекунад, таҳдидҳо ба амнияти низомӣ дар минтақаи масъули Созмон баррасӣ мешаванд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти СААД, ҷаласа таҳти раҳбарии раиси Кумитаи низомӣ, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҶТ Шарифзода Зарифи Тоҳирӣ баргузор мешавад.
Кумитаи низомӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД таъсис дода шуда, ба ҳайати он сардорони ситодҳои кулли Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Созмон ва сардори Ситоди муттаҳидаи СААД шомил мебошанд. Дар ҷаласа муовини дабири кулли СААД Валерий Семериков иштирок ва суханронӣ мекунад.
Гуфта мешавад, дар ҷаласаи мазкур баррасӣ ва таҳлилии масъалаҳои таҳдиду чолишҳо ба амнияти низомӣ дар минтақаҳои таҳти масъулияти СААД қарордошта, таҳияи тадбирҳо ва вокуниш ба онҳо, рушди таркибҳои низомӣ, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои муштараки омодагии ҷангӣ дар соли равон, дурнамои рушди Нерӯҳои ҳомии сулҳи СААД, роҳандозии чорахои мудофиаи зидди ҳавоӣ дар доираи Созмон ва ҳамчунин такмили корҳои омодасозии кадрҳои низомӣ барои кишварҳои узви СААД дар муассисаҳои таълими ҳарбӣ дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи Кумитаи низомӣ дар остонаи ҷаласаҳои мақомоти оинномавии СААД (моҳи майи соли 2015) баргузор мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста