Даргирӣ миёни нерӯҳои амниятии Афғонистон ва Толибон дар вилояти Бадахшони Афғонистон бо талафоти сангини ҷангҷӯёни Толибон поён ёфтааст, хабар медиҳад “ Хома ”.
Масъулони амниятии вилояти Бадахшон ба хабаргузории “Хома” гуфтаанд, дар даргирии ду рӯзи ахир миёни нерӯҳои амниятӣ ва Толибон дар дараи Хастаки ноҳияи Ҷурми ин вилоят 27 нафар аз Толибон кушта шудаанд.
Сахидод Ҳайдарӣ, масъули амниятии вилояти Бадахшон гуфтааст, ки 8 нафар аз ин кушташудагон ҷангҷӯёни хориҷӣ ва аз Тоҷикистон мебошанд. «Дар ин даргирӣ 6 нафар аз неруҳои амниятии афғон низ кушта ва 12 нафари онҳо захмӣ шудаанд», - хабар додааст “Хома”.
Қобили зикр аст, ки Ии даргирӣ рӯзи 10-уми апрел оғоз шуда то поёни рӯзи 11-уми апрел давом кардааст.
Вилояти Бадахшони Афғонистон яке аз вилоятҳоест, ки бо Покистону Тоҷикистон ҳаммарз аст. Ва ба навиштаи ин хабаргузорӣ, вилояти Бадахшони Афғонистон ноҳияҳои Вахон, Ишкошим, Шуғнон ва минтақаи Дарвозро дар бар гирифта, бо Тоҷикистон ҳаммарз аст ва то кунун борҳо аз ҳузури талафоти ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ дар он гузориш шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста