Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дар вохӯрии 10-уми ҳамасолаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз, 14 апрел дар шаҳри Маскав доир гардид, суханронӣ намуд.
Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд, зимни суханронӣ А.Қаҳҳоров таваҷчуҳи ҳозиринро ба масоиили муҳиму рӯзмарраи таъмини амният дар минтақаи кишварҳои СҲШ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин пешгирии ҳолатҳои низоъ дар партави таҳдидҳои нав ҷалб кард.
Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон қайд кард, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Душанбе оид ба мавзӯи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир конфронси байнулмилалӣ доир мегардад.
Қобили зикр аст, ки иштирокдорони вохӯрии мазкур масъалаҳои таъмини амният дар паҳнои СҲШ бо назардошти вазъи тағйирёбанда дар минтақаҳои наздики онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Айни замон кишварҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд. Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва Муғулистон ба ҳайси кишварҳои нозири Созмон қабул шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста