Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон сокини ноҳияи Шаҳритӯс Ҳусейн Одинамаҳмадов, бештар маъруф бо лақаби «Қорӣ Ҳусейн»-ро ба гумони даст доштан дар сафарбарии ҷавонони тоҷик ба Сурия тариқи қаламрави Туркия боздошт намуданд.
Тибқи иттилои расида аз як манбаъи «Азия-Плюс» дар мақомоти ноҳияи Шаҳритӯс, «Қорӣ Ҳусейн» ҳудуди як моҳ пеш дар шаҳри Маскав боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуда, айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Қӯрғонтеппа қарор дорад. Ба иттилои манбаъ, ӯ дар шаҳри Маскав се нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро барои сафарбарии минбаъда ба ҷанги Сурия ба Туркия фиристодааст.
Манбаъи «Азия-Плюс» дар мақомоти интизомии вилояти Хатлон маълумоти боздошти «Қорӣ Ҳусейн»-ро тасдиқ намуда, вале аз пешниҳоди маълумот бобати дар куҷову чӣ гуна боздошт шудани ӯ худдорӣ варзид ва қайд кард, ки нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти пешакии ин парванда ба уҳдаи муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вогузор шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста