Намоиши эътирозие, ки баргузории он имрӯз назди сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шуда буд, ба эҳтимоли зиёд баргузор намешавад.
Хабарнигори «Азия-Плюс» чанде қабл аз қаламрави назди сафорати Олмон дар Тоҷикистон боздид намуда, итминон ҳосил намуд, ки издиҳоми мардум ё омодагӣ ба баргузории гирдиҳамойӣ дар он ҷо ба мушоҳида намерасад.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ҳудуди 200 нафар сокинони пойтахт зери муроҷиатнома ба унвони раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дархости баргузории гирдиҳамойӣ назди сафоратхонаи Олмон дар Душанбе аз соати 08-00 то 11-00 рӯзи 17 апрел имзо гузоштаанд. Ин муроҷиатнома дар сомонаи ҳафтавори «Фараж» чоп шуда буд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15 апрел дар назди сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе намоиши эътирозии бидуни иҷозат баргузор шуд. Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ҳодисаи имрӯза назди намояндагии дипломатиро расман шарҳ дод.
Дар изҳороти сафорат дар ин робита қайд шуда буд, ки субҳи рӯзи 15-апрел назди бинои сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе тақрибан 15-20 нафар гирдиҳам омаданд, ки асосан ҷавонон ва занон буда, рӯҳияи шиддатноке доштанд ва панҷараву шишаи зиреҳпӯшро мекӯфтанд. Ҳамчнуин дар видеохостинги YouTube навори видеойии гирдиҳамойӣ назди сафорати Олмон дар Душанбе нашр шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста