Як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон, ки ба узвият дар созмони террористии «Давлатии исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ва содир кардани амалҳои террористӣ даъват мекардааст, дар шаҳри Архангелски Русия боздошт шудааст.
Бино ба иттилои, Федеральное агентство происшествий , кормандони Хадамоти федералии амният ӯро рӯзи 21-уми апрел боздошт намуда, сипас маълум шудааст, ки ӯ дар ин шаҳр тариқи шабакаи Интернет фаъолона ба корҳои таблиғотӣ машғул будааст.
«Дар торнамоҳои гуногун ва шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ даъватҳо ба терроризмро ҷой дода, фаъолияташ ба ташкили гурӯҳҳои ҷиноятпешае чун «ДИИШ», гурӯҳи «Ал-Форуқ», «Ҳизби исломии Туркистон» ва ғайра нигаронида шуда буд», - омадааст дар хабар.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон гумонбаршуда боздошт ва ҳангоми кофтукови манзили зисташ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти террористии ӯ дарёфт шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста