Зимни вохӯрии роҳбарони мақомоти зидди маводи нашъаовари кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Маскав директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҶТ Рустам Назарзода изҳор намуд, ки дар музофоатҳои минтақаи шимоли Афғонистон бархе аз дастаҳои ҳаракати «Толибон» ба сафи ҷангиёни созмони террористии «Давлати исломӣ» пайвастаанд.
«Дар музофоатҳои Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшони ҳаммарз бо Тоҷикистон фаъол шудани талошҳои ҳаракати «Толибон» ва дигар нерӯҳои зиддиҳукуматӣ ба мушоҳида мерасад ва гузашта аз ин, дар робита ба вуруди ҷангиёни созмони «Давлати исломӣ» ба ин музофотҳои Афғонистон, гурӯҳҳои ҷудогонаи ҳаракати «Толибон» ба онҳо ҳамроҳ шудаанд», - иттилоъ медиҳад «Интерфакс» бо такя ба гуфтаҳои директори АНМН.
Рустам Назарзода ҳамчунин зикр кардааст, ки «сарфи назар аз изҳороти намояндагони ҳукумати Афғонистон оид ба қодир будан ба муқовимат бо гурӯҳҳои ифротгаро, мутаассифона, вазъ дар ин кишвар, аз ҷумла музофотҳои шимолии он, ки бо Тоҷикистон ҳаммарзанд, хеле мушкил боқӣ мемонад».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста