Шаби 22 ба 23 апрели соли равон боз 8 нафар пизишкон - шаҳрвандони Точикистон тавассути тайёраи харбии Русия Аз Яман ба Маскав оварда шуданд.
Тавре намояндаи расмии сафоратхонаи ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, бинобар муроҷиати дигарбораи шаҳрвандони боқимондаи кишвар дар ин кишвари ноамн, сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба масъулини ситод дастур додааст, ки роҳҳои ҳалли ин қазияро низ пайдо намуда, ба ҳамватанони ниёзманд кумак расонанд.
Ахиран узви ситоди назди сафорат Парвиз Содиқов тавассути телефон бо масъулини сафорати Русия дар Яман дар тамос шуда, масъалаи расондани кумак ба ҳамватанонро хоҳиш намудааст. Ӯ ҳамчунин мустақиман бо сарнишини ҳавопаймои ҳарбии русӣ низ дар тамос шуда, дархост намуд, ки чанд тан аз шаҳрвандони тоҷики интизори наҷот аз ин макони ноамнро ба Маскав баргардонанд.
Зикр гардид, ки масъулини Ситоди назди сафорат аз ҳисоби дипломатҳо ва намояндагии Хадамоти муҳоҷират шаҳрвандони тоҷикро дар фурудгоҳ истиқбол ва баробари расидани ин шаҳрвандон, онҳоро ҳуҷҷатгузорӣ намуда, ба Ватан гусел хоҳанд кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста