Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо интишори як изҳороти муштарак ҳодисаи рухдода дар мактаби №44-и деҳаи Боғистони ноҳияи Раштро шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар изҳорот дар ин робита зикр мегардад, ки «шаби 17-ум ба 18-уми апрели соли равон ашхоси номаълум ба бинои мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №44 деҳаи Боғистони ҷамоати Б.Раҳимзодаи ноҳияи Рашт даромада, гӯшаи методӣ, овезаҳо, газетаҳои деворӣ, ҷадвали дарсҳоро корношоям кардаанд. Ҳамчунин, харитаҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷамоати мазкурро қисман оташ зада, ба омӯзгорон мактуби беимзои таҳдидомезро гузоштаанд».
«Муайян карда шуд, ки дар ҳодисаи зикрёфта 2 нафар ноболиғ хонандагони мактаби миёнаи №44 Раҳимов Неъматулло Умарович, соли таваллудаш 2000-ум ва писарамакаш Раҳимов Хуршед Муродхоҷаевич, соли таваллудаш 1999 даст доранд. Бино бар нишондоди моиндари Раҳимов Хуршед-Акрамова Зарифамоҳ, писараш мубталои бемории руҳӣ буда, тақрибан 2 сол пеш, аз беэҳтиётӣ як қисми манзили зисташонро сӯзонидааст», - омадааст дар изҳорот.
Гуфта мешавад, «17-уми апрел моиндари Раҳимов Хуршед, ки фарроши мактаб мебошад, бо нияти рафтан ба меҳмонӣ, калиди муассисаро ба фарзандаш медиҳад ва аз ӯ хоҳиш мекунад, ки бегоҳ, баъди анҷоми дарсҳо дари мактабро маҳкам кунад. Раҳимов Хуршед аз беназоратии волидайн ва муаллимон истифода бурда, ҳамроҳ бо Раҳимов Неъматулло, тақрибан соатҳои аз 23-24.00 ба мактаби миёнаи №44 медароянд. Мутобиқи нишондоди худи ноболиғон, онҳо аз тарс дар торикии долони мактаб ашёҳои таълимиро оташ гиронда, роҳро равшан намуданд. Баъди баланд шудани аланга, бо мақсади хомӯш кардан ба болои он харитаи собиқ Иттиҳоди Шӯравиро мепартоянд. Вале бинобар сабаби кушта натавонистани оташ, Раҳимов Хуршед ва Раҳимов Неъматулло онро бо пойҳояшон хомӯш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд».
ВКД ва КДАМ Тоҷикистон таъкид месозанд, ки «ин ҳодиса ягон хел хусусияти сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ ё ифротгароӣ надошта, танҳо дар натиҷаи хусумати шахсиву оилавии баъзе аз сокинони деҳаи болозикр ва аъмоли авбошонаи ду ноболиғ содир карда шудааст».
Мақомоти мазкур аз намояндагони ВАО даъват кардаанд, ки дар ҷомеа фазои воҳима ва ҳаросро ба вуҷуд наоварда, маводро на бар асоси овозаву бофтаҳо, балки тибқи далелҳои муътамад ва санҷидашуда таҳия намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста