Шаҳрванди Русия, ки ҳангоми кӯшии фирор намудан аз ҷониби кормандони милисаи ноҳияи Панҷ кушта шуд, талоши ба Афғонистон рафтан ва пайвастан ба ҷангиёнро дошт.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар дод, 11 рӯз қабл Семен Нагебин дар наздикиии посгоҳи милиса дар ноҳияи Панҷ пайдо шуда, кормандони милиса киву ба куҷо рафтани ӯро фаҳмиданӣ мешаванд, аммо Нагебин дархости онҳоро нодида гирифта, ба яке аз онҳо бо корд ҳамла мекунад.
«Кормандони милиса маҷбур шуда, аз силоҳ истифода мекунанд, ки дар натиҷа ӯ аз пояш захмӣ мешавад. Сипас ӯро барои бистарӣ кардан ба бемористон меоранд ва дар бозпурсии аввал ӯ хабар медиҳад, ки тариқи марз дар ноҳияи Панҷ ба Афғонистон рафта, ба ҷангиён пайвастан ва дар ҷиҳод иштирок карданӣ будааст», - гуфт манбаъ.
Дар РВКД Хатлон ҳамчунин хабар доданд, ки захми ӯ чандон вазнин набуд ва рӯзҳои наздик ӯро аз бемористон ҷавоб доданӣ буданд, вале ӯ гурехтанӣ шуд.
Ёдрас мекунем, ки зимни як амалиёти махсус дар қаламрави ноҳияи Панҷ нимаи дуюми рӯзи 23 апрел шаҳрванди 28-солаи Русия аз ҷониби кормандони милисаи Тоҷикистон нобуд карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста