Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Икром Умарзода дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» амалҳои кормандони милисаро, ки шаҳрвандонро ба гирифтан риш маҷбур мекунанд, ғайриқонунӣ хонд.
«Дар ин бора ба Вазорати корҳои дохилӣ се шикоят расида, ду шикоят аз вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ мавриди санҷишу баррасӣ қарор дорад», - иброз дошт Умарзода ва таъкид намуд, ки нисбати кормандони милисае, ки ба чунин амалҳо роҳ додаанд, чораҳои интизомӣ андешида мешаванд.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар сурати ба чунин ҳолатҳо дучор омадан, шаҳрвандон метавонанд ба телефони шабонарӯзии боварии ВКД - 221-21-21 муроҷиат намоянд.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар видеохостинги YouTube наворе пайдо шуд, ки дар он корманди милиса марди ришдорро дар яке аз бозорҳои Тоҷикистон боздошт ва занонро барои ба бар кардани ҳиҷоб мазаммат мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста