- Ноамн шудани вазъ, ҷамъшавии нерӯҳои Толибон дар музофоти Қундузи Афғонистон, ки имрӯз дар он ҷо муҳорибаҳои хунин миёни нерӯҳои ҳукумат ва ҷангиёни ҳаракати Толибон ҷараён доранд, ҳанӯз соли гузашта шурӯъ шуда буд ва аз ин ҳам дар ҳукумати Афғонистону ҳам дар нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ (НАТО) ва ҳам дар кишварҳои ҳаммарз бо ин музофот огаҳӣ доштанд, вале ҷиҳати пешгирии он тадбирҳо андешида нашуданд, - иброз дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» коршиноси тоҷик оид ба вазъ дар Афғонистон Қосимшо Искандаров.
«Имрӯз нерӯҳои ҳукумат дар Қундуз алайҳи ҷангиёни ҳаракати Толибон амалиёти густардаеро роҳандозӣ намудаанд ва ба назари ман, дар ин амалиёт онҳо метавонанд барои як муддате муваффақ шаванд, вале вазъро ба муҳлати зиёдтар ба эътидол оварда наметавонанд», - қайд кард коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз барои таъмини амну субот дар Қундуз ҳукуматдорони Афғонистон аз ҳарвақта дида бештар ба кумаки беруна ва қабл аз ҳама, ба кумаки низомӣ, дастгирӣ аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ ва кадрҳои соҳибтаҷрибаи низомӣ ниёз доранд.
«Даргириҳо дар музофоти Қундузи ҳаммарз бо вилояти Хатлони Тоҷикистон бевосита ба марзҳои ҷанубии кишвари мо хатар эҷод мекунанд ва ҳукумати Тоҷикистону иттифоқчиёнашро зарур аст, ки ба ҳама гуна сенарияҳои идомаи ҷанг дар назди марзҳои мо омода бошанд», - афзуд номбурда.
Қобили зикр аст, ки тайи 3 шабонарӯзи ахир дар Қундуз муҳорибаҳои шадид идома дошта, бар асари он на камтар аз 45 нафар ҷангиён кушта шудаанд, ки миёни онҳо зодагони Тоҷикистону Чеченистон низ ҳузур доштанд. Аз нерӯҳои ҳукумат низ 12 нафар ҳалоку захмӣ шуданд.
Тибқи маълумоти ВАО-и Афғонистон, дар робита ба ноамн шудани вазъ дар Қундуз, президенти кишвар Муҳаммад Ашраф Ғанӣ маҷбур шудааст, ки сафари имрӯзааш ба Ҳиндустонро мавқуф гузорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста