Дар вохӯрӣ бо ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли донишкада ва донишгоҳҳои олии кишвар, ки рӯзи 27-уми апрели соли 2015 дар толори Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид, вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба саволҳои ҷавонону донишҷӯён посух гардонид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, аз он ҷумла, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтов Аслиддин, доир ба хабари иҷозатнома барои мондани риш ва пушидани сатр, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернет нашр шудааст, савол дод, ки оё чунин иҷозатнома дар ҳақиқат вуҷуд дорад ё не?
Вазири корҳои дохилӣ ба ин савол ҷавоби мушаххас дода, иброз намуд, ки иҷозатнома, ки гӯё барои ришу сатр Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медода бошад, дар шабакаҳои интернетӣ нашршуда қалбакӣ буда, асоси воқеӣ надорад ва аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мондани риш ягон хел андоз муайян нагардидааст ва давлат ба андози ночиз барои чунин иҷозатнома эҳтиёҷ ҳам надорад.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар дархост кард , ки дар ошкор намудани шахсони машғул ба фурӯши ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ки гӯё барои ришмониву ба бар кардани ҳиҷоб ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳуқуқ медодааст, мусоидат намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста