Дар шаҳри Душанбе нақшаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба иҷро расид.
Тибқи иттилои Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе, нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар пойтахт 30 апрели соли ҷорӣ пеш аз муҳлати муқарраршуда иҷро гардида, аксари даъватшавандагон ихтиёран ба адои қарз назди ватан ҳозир шудаанд.
Қаблан сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон подполковник Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буд, ки то санаи 29 апрел нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар саросари ҷумҳурӣ 93% иҷро шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, нақшаи даъват дар 38 шаҳру навоҳии кишвар пурра ба иҷро расидааст. «То ин сана нақшаи даъват дар вилояти Хатлон - 99%, ВМКБ - 91%, Суғд - 92% ва навоҳии тобеи марказ - 86% ба иҷро расидааст», - изҳор дошта буд номбурда.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста