Дар робита ба боздошти кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҶТ дар марз бо Қирғизистон, Агентии мазкур иттилоъ дод, ки онҳо аз рӯи нофаҳмӣ дар минтақаи бетарафи сарҳад боздошт ва худи ҳамон рӯз раҳо карда шудаанд.
Дар иттилои интишоршуда дар сомонаи расмии Агентӣ зикр мегардад, ки дар рафти баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, шаҳрвандони Қирғизистон дастгир гардиданд, ки ният доштаанд ба таври қочоқ ба қаламрави Тоҷикистон симобро дар шаш дона борбанди заводӣ бо вазни ҳар кадом 30 килограммӣ ворид намоянд. «Вазни холиси симоб 179 кг 800 граммро ташкил дода, он дар комбинати Ҳайдаркани Ҷумҳурии Қирғизистон истеҳсол гардидааст», - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, аз рӯи аҳди дутарафа ҳамаи маводҳои парвандаи мазкур барои баррасии тафтишоти минбаъда ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон равон карда шудааст.
Ёдрас мекунем, ки радиои «Озодӣ қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 30 апрел мақомоти Қирғизистон 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷумлаи 3 афсари АНМН барои вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Қирғизистон ва талоши қочоқи 180 килограмм симоб боздошт намуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста