Дар вилояти Брянски Русия «шаҳидоне», ки ба идҳои моҳи май амали террористӣ омода мекардаанд, зимни инфиҷор дар автомашина ба ҳалокат расиданд, ки ду нафарашон русиягиҳои исломро пазируфта ва як нафар сокини Тоҷикистон аст.
REGTime менависад, хадамоти махсус шахсияти ҷасадҳои се нафарро, ки бар асари инфиҷори автомашина дар Жуковка ҳалок шудаанд, муайян кардаанд ва ду нафари онҳо шаҳрванди Русия буда, як нафар шахрванди Тоҷикистон будааст.
Тибқи баъзе маълумот , дар ин автомашина 6 нафар ҳузур доштаанд ва шахсияти се ҷасад муайян гардида, миёни онҳо ду нафар русиягии исломро пазируфта ва як нафар тоҷикистонӣ будааст.
Таркишро даҳҳо нафар шунидаанд. Зимни азназаргузаронии мавзеи ҷангал автомашинаи мавриди инфиҷор қароргирифтаи Chevrolet ва Nissan-и пурра сӯхташуда ошкор гардидааст.
«Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса пораҳои ҷасади тахминан ду нафар дарёфт шуданд. Дар бордони Chevrolet се норинҷаки Ф-1, ду автомати осебдидаи АК-47 ва ҳамчунин даҳҳо тир барои онҳо дарёфт шуданд, - хабар додаанд сарчашмаҳо ба намояндагони ВАО .
Гуфта мешавад, эҳтимол таркиш ба иллати муносибати нодуруст бо таҷҳизоти тарканда рух дода бошад. Аз ҳалокшудагон ҳуҷчате пайдо нашуда, танҳо пораҳои ҷасадҳо боқӣ мондаанд, ки муайян кардани шахсияти фавтидагонро душвор месозад. Тибқи маълумоти дактилоскопӣ, ду нафар аз фавтидагон шаҳрвандони Русия ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Nissan-и сӯхташуда - эҳтимол Nissan Almera Classic-ро таксирони шом бедаракшудаи «Тройка» Алекссандр Крупеня идора мекардааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Брянск ин ҳодисаро алҳол расман шарҳ надодаанд. Ҳодисаи мазкур мавриди баррасии сокинони ин минтақа дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста