Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони ВАО ва ҷавонон бо шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз Сурия баргаштааст, барпо намуд. Вохӯри дар маҷмааи «Кохи Ҷомӣ» ташкил гардид.
Фаррух Шарипови 25-сола, зодаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд рӯзи 6 май аз Сурия тариқи Туркия омадааст. Ӯ дар бораи чӣ гуна ба даргириҳои Сурия ҷалб шуданаш аз ҷониби як духтари рус тавассути шабакаи иҷтимоӣ ҳикоят карда, изҳор намуд, ки баъди аз ҳамсараш ҷудо шудан ва бо ин сабаб дар ҳолати нохуби равонӣ қарор доштан, дар «Одноклассники» бо духтари рус шинос шуда, ин духтар ӯро ба ҷанг ҷалб мекунад ва сипас тариқи Маскаву Туркия ӯро ба Сурия мефиристанд.
Ба гуфтаи Фаррух Шарифов, шиносномаи ӯ дар Туркия нобуд шудааст. Ӯ ба журналистон ва ҷавонони ҳузурдошта ҳикоят кард, ки барои дубора ба Тоҷикистон баргаштан мушкилиҳои зиёдеро паси сар кардааст.
Шарифов қайд кард, ки дарҳол пас аз ба Сурия расидан дарк кардааст, ки ӯро фиреб додаанд. «Он ҷо ҳама як фикри чӣ гуна ба ватан баргаштанро доранд, аммо аз изҳори он метарсанд, зеро агар сухане дар бораи бозгашт ба хона бигӯянд, онҳоро ҳукми қатл интизор аст», - иброз дошт номбурда.
Ёдрас мекунем, ки Фаррух Шарифов аллакай панҷум тоҷикистониест, ки ихтиёрӣ аз Сурия ба ватан баргашт.
Қобили зикр аст, ки вохӯрии журналистон ва ҷавонон бо Фаррух Шарифови ихтиёрӣ аз ҷанги Сурия баргашта вохӯрии нахустинест, ки ВКД барпо кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Чаха8 май, 2015 00:18
Фаррух дар асл чолокиву зиракии точик буданашро исбот кардааст. Дар Сурия бо дасти чосусони хоричи мусалмон мусалмонро сар мебурад, оташ мезанад хол он ки харду тараф ба забонашон калимаи Аллохро такрор ба такрор талаффуз менамоянд.
Чаха7 май, 2015 22:42
ЭЭЭЭ... бо хами сагерои камбагала фиреб када бурдагиян, модарошон дар гамои бачахошон мемран, Худованд ба модарошон саломати ато фарояд. Омин.