Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб имрӯз бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар мавзӯи «Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ (ифротгароӣ)» семинари умумиҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло фаъолони ҳаракату созмонҳои ҷавонон аз тамоми минтақаҳои кишварро хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки сокинони шаҳр аз қабули «ояндаи ҷумҳурӣ» ифтихорманданд.
Дар суханрониҳои худ назди иштирокдорони семинар вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки аллакай аз имрӯз масъулияти рушду пешбурли кишварро ба уҳда гиранд, зеро фардо онро мебояд боз ҳам бештар рушд дод.
Дар кори семинар намояндлагони мақомоти интизомӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон, Кумитаи умури дин ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок ва маърӯзаҳо карданд.
Дар семинар қайд шуд, ки имрӯз дар даргириҳои Сурия ва Ироқу Афғонисторн аз 200 то 400 нафар тоҷикистониён ҳузур доранд. Коршиносон оид ба роҳу воситаҳои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳу созмонҳои ифротгаро ва иштироки онҳо дар ин даргириҳо тариқи тақвияти сиёсати ҷавонон, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандон ва ғайра ибрози назар намуданд.
Дар доираи чорабиниҳои семинари умумиҷумҳуриявӣ ҳамчунин дар назди Қасри фарҳанги шаҳри Кӯоб намоишгоҳи дастовардҳои донишҷӯёни мактабҳои олии вилояти Хатлон созмон дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста