Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ҷавононе, ки гумроҳ шуда ба Сурия, Ироқ ва дигар давлатҳо дар муноқишаҳо иштирок намуда ва бисёриҳо пушаймон шуда ба Туркия ё дигар давлат баргаштаанд, метавонанд ба хонаҳои худ ихтиёран баргарданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод, тибқи маълумоти мавҷуда, даҳҳо нафар шаҳрвандони кишвари мо сафҳои созмону гурӯҳҳои мусаллахи ғайриқонуниро тарк карда, айни замон дар қаламрави Туркия қарор доранд.
«Онҳо аз тарси таъқиб ба ватан барнамегарданд, вале мо ба онҳо хотиррасон мекунем, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, шахсони ихтиёрӣ сафҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро таркгуфта аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд», - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз зимни суханронӣ дар семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ (ифротгароӣ)» дар Кӯлоб, ки бо ташаббуси ВКД ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ созмон дода шуд, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар ин робита қайд намуд, ки имрӯз дар сафҳои созмону гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар қаламрави Ироқу Сурия 384 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд, ки 40 нафарашонро оилаҳояшон ҳамроҳӣ мекунанд.
Ба гуфтаи вазир, феълан дар Тоҷикистон нисбати 150 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар Ироқу Сурия меҷанганд, парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.
Қобили зикр аст, ки ахири ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони ВАО ва ҷавонон бо шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз Сурия баргаштааст, барпо намуд. Вохӯри дар маҷмааи «Кохи Ҷомӣ» ташкил гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста