Дар шаҳри Минск рӯзи 12 май мулоқоти вазири адлияи Беларус Олег Слижевский бо сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Қозидавлат Қоимдодов баргузор шуд.
Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Минск, зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъалаи ҷараёни амалисозии тавофуқоти ҳосилшуда миёни кишварҳо дар сатҳи олӣ зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус моҳи майи соли 2014 таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ сафири Тоҷикистон қайд кардааст, ки барои густариши тақвияти робитаҳои дуҷониба миёни ду кишвари дӯсту бародар заминаи мустаҳками қарордодиву ҳуқуқӣ муҳайё шудааст, ки беш аз 60 созишномаву қарордодҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад.
Ба иттилои манбаъ, вазири адлияи Беларус таъкид доштааст, ки миёни Вазоратҳои адлияи Беларус ва Тоҷикистон муносибатҳои судманд роҳандозӣ шуда, Созишномаи соли 2012 дар бораи ҳамкорӣ баимзорасида миёни вазоратҳо мавриди амал қарор дорад,ки ба ин робитаҳо такон мебахшад.
Зимнан зикр мегардад, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар намуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста