Ояндаи наздик дар қаламрави Тоҷикистон ҳеҷ гуна тамринҳои низомии Нерӯҳои дастаҷамъии зудамали Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ гузаронида намешаванд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ дар ин робита хабар дод, дар доираи санҷиши ногаҳонии омодагии ҷангии воҳидҳои ин сохтори СААД, ки рӯзи 12 май эълон шуд, гурӯҳҳои маҳдуди зудамали кишварҳои узви СААД - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ба Тоҷикистон меоянд.
«Ҳадафи вуруди ин нерӯҳои СААД ба Тоҷикистон муайян кардани вақти аз кишварҳои худ ба Тоҷикистон омадани онҳо ва ҳамчунин омӯзиши маҳал аст», - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои радиои «Озодӣ» , бо қарори Шӯрои амнияти СААД рӯзи 12 май тафтиши ногаҳонии нерӯҳои кишварҳои узв оғоз ёфт, ки бо размоишҳои муштарак дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад.
Гуфта мешавад, барои ширкат дар ин тамринҳо гурӯҳҳои 100-нафарии нерӯҳои Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бо ҳавопаймо ба қаламрави Тоҷикистон интиқол дода мешаванд. Онҳо ҳамроҳ бо худ то 20 адад аз техникаи ҳарбиро ба Тоҷикистон интиқол хоҳанд дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста