Дар доираи санҷиши ногаҳонии эълоншуда аз ҷониби Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки мутобиқи он ҷузъу том ва воҳидҳои низомӣ аз ҳайати Нерӯҳои зудамали Созмон рӯзи 12 май ба ҳолати омодабоши ҷангӣ оварда шуданд, ҷараёни интиқоли ҳайати шахсӣ ва техника ба минтақаи омодабоши ҷангӣ, ба қаламрави Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист.
Сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадлиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки воҳидҳои низомии задамали кишварҳои Беларус, Қазоқистон ва Русия, ки аз воҳидҳои қушӯнҳои десанти ҳавоии Русия, Нерӯҳо барои амалиёти махсуси Беларус ва қушунҳои автомобилии Қазоқистон иборатанд, пас аз анҷоми амал тибқи эълони «бонги хатар» бо лавозимоти ҳарбӣ ва техника шаби 13 май тариқи ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳҳои шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Душанбе омаданд.
Воҳидҳои низомии Нерӯҳои зудуамали Тоҷикистон ва Қирғизистон дар СААД тариқи минтақаи кӯҳистон якчанд километр масофаро тай мекунанд. Воҳиди таъиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон дар ҳайати Нерӯҳои зудамали СААД имрӯз тавассути авиатсияи низомӣ-нақлиётӣ ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.
Гурӯҳи фаврии афсарони Ситоди муттаҳидаи СААД таҳти сарварии сардори ситод генерал-лейтенант Александр Студеникин ҷиҳати ҳамоҳангсозии амалиёти ҷобаҷокунии воҳидҳои низомӣ, таъсиси мақомоти идоракунии Нерӯҳои зудамали Созмон ва таъмини иҷрои вазифаҳои таълимиву ҷангӣ ба минтақаи ҳолати омодабоши ҷангӣ омаданд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Маҳмадалиев, танҳо рӯзи 13 май барои интиқоли ҷузъу том ва воҳидҳои Нерӯҳои зудамали СААД 24 парвози ҳавопаймоҳои авиатсияи кишварҳои узви Созмон анҷом дода шудааст, ки 19 адади ин парвозҳоро Русия, 3 ададашро - Қазоқистон ва 2 парвозро нерӯҳои Белорус ба иҷро расонидаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста