Даҳ нафар узви гурӯҳи толибон, ки дар рабудани чаҳор сарбози тоҷик зимистони соли гузашта даст доштанд, дар як амалиёт аз ҷониби мақомоти Афғонистон кушта шудаанд.
Радиои «Озодӣ» бо истинод ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин робита менависад, онҳо ин иттилоро аз ҳамкорони афғонашон дастрас кардаанд ва ҳоло умедҳо барои раҳоии чаҳор сарбози тоҷик бештар шудааст.
Як масъули Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, бо сарбозони дар гаравбуда, дар тамоси телефонӣ ҳастанд ва онҳо низ кушта шудани гаравгонгирони аслиро тасдиқ кардаанд. Ба иттилои ин масъул, ҳоло гуфтушунид барои раҳоии ин асирон идома дорад ва зоҳиран ин гурӯҳ ба сарбозони тоҷик муносибати бад надоранд.
«Мо бо сарбозон сӯҳбат дорем ва маълум мешавад, ки нисбат рӯзҳои пештара вазъашон хубтар аст. Ин одамоне, ки онҳоро бурда буданд, ҳангоми ширкат дар ҷанг зидди қувваҳои ҳукуматӣ кушта шуданд. Мо умедворем, ки сарбозонро аз дасти ин гурӯҳ сиҳату саломат пас мегирем».
Ин сарбозони тоҷик 19-уми декабри соли гузашта ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар соҳили рӯдхонаи Панҷ аз ҷониби гурӯҳе аз толибон, ки гуфта мешавад, ки дар миёнашон тоҷиктаборон низ буданд, рабуда шуданд. Гуфтушунидҳои ибтидоӣ барои раҳоии онҳо натиҷа надод ва ошӯбгарон дар охирҳои моҳи феврали соли равон гаравгонҳои худро ба дарунтари вилояти Кундузи Афғонистон интиқол доданд. Ба иттилои додситони вилояти Хатлон, инҳо Фарҳод Калонов, соли таваллудаш 1996, Сироҷ Давлатов, соли таваллудаш 1991, Тӯйчибоӣ Нурбоев, соли таваллудаш 1996 ва Меъроҷиддин Шодиев, соли таваллудаш 1994 мебошанд.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо ба раҳо кардани ин сарбозон ваъда доданд, аммо бо гузашти панҷ моҳ ҳанӯз онҳо дар асоратанд.
Аммо додгоҳи низомии Хатлон рӯзи 6 апрел Алимуҳаммад Додокалонов – сардори дидбонгоҳи қисми марзбонии 2610-и ноҳияи Панҷро, ки гуфта мешавад, бо фармони ӯ ин чаҳор сарбоз барои ҳезумчинӣ ба соҳили Омӯ рафта, баъдан ба дасти толибон афтодаанд, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста