Фаъолони музофоти Бадахшони Афғонистон ҳукуматдорони кишварро огоҳ карданд, ки агар қаламрави музофоти Бадахшонро аз террористон пок насозанд, пас ҳамаро талаф хоҳанд дод.
Бино ба иттилои агентии « Ҷ умхур », фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии музофоти бадахшон ҳукукмати марказиро дар нодида гирифтани масъалаи таъмини амнияти дар ин музофот айбдор намуда, изҳор мекунанд, ки имрӯз аллакай 9 ноҳияи музофоти Бадахшон дар дасти террористон аст.
Зимни нишасти хабарӣ дар Кобул онҳо қайд кардаанд, ки агар аз ҷониби ҳукумат дар ин самт чораҳои таъҷиливу муассир андешида нашавад, ноҳияи боқимонда низ таҳти тасрруфи террористон қарор мегиранд. Онҳо гуфтаанд, «санад ва баёноти шоҳидон гувоҳи онанад, ки фишор болои гурӯҳҳои террористӣ дар Бадахшон на он қаддр шадиду муасссир будааст».
Ба андешаи онҳо, маҳз бепарвоии ҳукумат ба он оварда расонидааст, ки имрӯз Бадахшони Афғонистон ба як маркази таҷаммӯъи террористони хориҷӣ ва ифротгароён мубаддал гаштааст.
Агентии Shafaqna дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки фаъолони ҷомеа ҳамчунин хабар додаанд, ки айни замон 36 нафар хориҷиён - тоҷикону ӯзбекон, чеченҳову қазоқҳо ва панҷобиҳо ба ноҳияи Ҷурми музофоти Бадахшон гузашта дар ҳамлаҳои терроистӣ дар ин музофот иштирок мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар музофоти Бадахшони Афғонистон беш аз 1 млн. нафар аҳолӣ иқомат дошта, ин музофот бо Тоҷикистону Чин ва Покистон ҳаммарз аст.
Ёдрас мекунем, ки имрӯзҳо дар минтақаи наздимарзии Афғонистон миёни ҳукумати расмӣ ва гурӯҳҳои тундрав, ки минтақаро ишғол карданианд, набардҳои шадиди мусаллаҳона ҷараён доранд. Дар ин робита Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар дар марз бо Афғонистон хатти дуюми мудофиаро ташкил намуданд.
Дар ҳамин ҳол, дар робита ба ноамн будани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии кишвари ҳамсояи Афғонистон, додани иҷозатномаҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ барои боздид аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон қатъ шуд.
Ҳамчунин мебояд гуфт, дар доираи санҷиши ногаҳонии эълоншуда аз ҷониби Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки мутобиқи он ҷузъу том ва воҳидҳои низомӣ аз ҳайати Нерӯҳои зудамали Созмон рӯзи 12 май ба ҳолати омодабоши ҷангӣ оварда шуданд, ҷараёни интиқоли ҳайати шахсӣ ва техника ба минтақаи омодабоши ҷангӣ, ба қаламрави Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста