Фармондеҳи қушӯнҳои Ҳавзаи низомии Марказӣ генерал-полковник Владимир Заруднитский рӯзи 14-уми май ба ҳайати шахсии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон фармондеҳи нави пойгоҳ полковник Денис Ляминро муаррифӣ кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Ҳавзаи низомии Марказии Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад.
«Полконик Лямин аз таҷрибаи бойи фармондеҳӣ дар ҷузъу томҳои гуногуни низомӣ бархӯрдор буда, сар аз фармондеҳи взвод то ба сардори ситоди дивизия расидааст ва қаблан дар Тоҷикистон низ хизмат кардааст», - гуфтааст фармондеҳи ҳавза.
Денис Лямин соли 1979 дар Слутск (Беларус) дар оилаи хизматчии ҳарбӣ ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи олии фармондеҳии танкии Челбинскро бо медали тилло хатм намуда, соли 2007 ба дипломи аълои Академияи қушунҳои умумии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия соҳиб шудааст. Оиладор буда, ду фарзандро тарбия мекунад.
Собиқ фармондеҳи пойгоҳ генерал-майор Евгений Тубол муовини фармондеҳи артиши қушӯнҳои умумии Самара таъин шудааст.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон соли 20004 дар заминаи дивизияи тирандози ҳанӯз аз замони шӯравӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қарордошта таъсис дода шуд. Айни замон бузургтарин зербинои низомии Русия дар хориҷи кишвар маҳсуб меёбад.
Пойгоҳи низмоии 201-уми Русия дар се шаҳри Тоҷикистон - Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб мустақар буда, дар воҳидҳои он дар маҷмӯъ 7,5 ҳазор сарбозону афсарони русиягӣ ва хизматчиёни низомӣ тибқи қарордод хизмат мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста