Дар робита ба ноамн будани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии кишвари ҳамсояи Афғонистон, додани иҷозатномаҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ барои боздид аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон қатъ шуд.
Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Ризо Назарзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ, вуруди онҳо ба ВМКБ, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, муваққатан боздошта шуд.
«Бо ба эътидол омадани вазъ дар кишвари ҳамсоя, ба шаҳрвандони хориҷӣ базудӣ додани иҷоззатномаҳо барои сафар ба ВМКБ оғоз мегардад», - гуфт номбурда.
Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои сайёҳӣ аз ин масъала огаҳӣ доранд ва бархе аз сайёҳони хориҷӣ, ки акнун аз Бадахшон боздид карда наметавонанд, роҳхатҳоро ҳанӯз соли гузашта гирифта буданд, ки он замон бобати манъи додани иҷозатнома ҳарфе ҳам набуд.
«Касе намедонист, ки вазъ ҳамин гуна мешавад ва ин ҷо Тоҷикистон гунаҳкор нест, зеро вақте сайёҳ марзи Тоҷикистонро убур мекунад, кишвари қабулкунанда барои таъмини амнияти ӯ масъул аст. Мо худамон ҳам манфиатдорем, ки ин монеъа базудӣ бартараф шавад, зеро 80 дарсади сайёҳон ба Тоҷикистон маҳз барои тамоишои Помир меоянд», - иброз дошт Назарзода ва илова намуд, ки давоми моҳҳои апрел-майи соли 2015 маҷаллаи National Geographic Traveler Помирро ба даҳгонаи макони беҳтарини сайёҳии ҷаҳон шомил кард.
Ёдрас мекунем, ки имрӯзҳо дар минтақаи наздимарзии Афғонистон миёни ҳукумати расмӣ ва гурӯҳҳои тундрав, ки минтақаро ишғол карданианд, набардҳои шадиди мусаллаҳона ҷараён доранд.
Дар ин робита Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар дар марз бо Афғонистон хатти дуюми мудофиаро ташкил намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста