Рӯзи 14 май вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсат оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятии Вазорати бехатарии ҷамъиятии ин кишвар Ма Вэйя дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ масъалаҳои баргузории машқҳои муштараки тактикӣ-низомии зиддитеррористӣ байни мақомотҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Чин дар шароити кӯҳсор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҷузъиёти гузаронидани машқҳои тактикӣ-низомии якҷояро мавриди муҳокима қарор дода, фикру андеша ва таклифҳои худро иброз доштанд.
Зикр мегардад, ки дар рафти мулоқот атрофи Нақшаи якҷояи гузаронидани машқҳои муштараки тактикӣ-низомии зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳсор, ки аз ҷониби вазирони ҳарду ҷониб тасдиқ гардида, ба имзо расидааст, табодули назар сурат гирифт.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки ба қарибӣ гузаронидани машқҳои муштараки тактикӣ-низомии зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳсор байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин дар назар дошта шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста