Аз рӯйи натиҷаҳои ба итмом расидани санҷиши ҳолати омодабоши ҷангии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки аз 13 то 21 май дар қаламрави машқгоҳи «Ҳарбмайдон» ҷараён доранд, вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенат Шералӣ Мирзо имрӯз ба журналистон изҳор намуд, ки тамринҳои доиргардида собит сохтанд, ки кишварҳои узви СААД ба ҳама гуна таҳдиду ситезаҷӯиҳои ҷаҳони муосир истодагарӣ карда метавонанд .
«Тамринҳои муштараки Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон, наздикии марз бо Афғонистон нахустин размоиши бузургмиқёс буда, ман мутмаинам, ки то замони дар марзҳои ҷанубӣ боқӣ мондани омилҳои ноамнӣ, ба чунин машқҳо идома бахшида мешавад», - қайд кард Шералӣ Мирзо.
Вазири мудофиаи Тоҷикистон мураттабии амалиёти муштараки Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД-ро дар тамрингоҳи «Ҳарбмайдон» дар сатҳи баланд арзёбӣ намуд.
Дабири кулли СААД Николай Бордюжа таъкид дошт, ки вазъи мавҷуда дар Афғонистон, ки ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хатар эҷод мекунад, ба баргузор намудани тамринҳои муштараки Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД дар наздикии марз бо ин кишвар боис гардид. «Размоишҳо дар тамрингоҳи «Ҳарбмайдон» гувоҳи онанд, ки кишварҳои узви СААД ба ҳама гуна ҷараёну сурат гирифтани вазъ дар минтақа омодаанд», - афзуд дабири кулли Созмон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста