Иштирокдорони санҷиши ногаҳонии ҳолати омодабоши ҷангии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки аз 13 то 21 май дар қаламрави машқгоҳи «Ҳарбмайдон»-и Тоҷикистон сурат мегирад, имрӯз мурратабсозии ҷангии воҳидҳо ва ҳамчунин малакаҳои амалӣ бо таркибҳои тирандозии ҷангиро анҷом доданд.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ьа «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар тамринҳои ниҳоии санҷиши ногаҳонии ҳолати омодабоши ҷангии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД дабири куллли Созмон Николай Бордюжа, вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо, ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев ва роҳбарони воҳидҳои низомии Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳузур доштанд.
«Иштирокчиёни фаъоли тамринҳои низомии муштарак бо медалҳо ва туҳфаҳои хотиравии раҳбарияти санҷиши ногаҳонии ҳолати омодабоши ҷангии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд», - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, 20 май дар ситоди санҷиши ногаҳонӣ аз тамринҳо натиҷагирӣ шуда, 21 май воҳидҳои низомии Русия, Арманистон, Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон, ки дар размоиш иштирок карданд, қаламрави Тоҷикистонро тарк мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар амалиётҳои санҷиши ногаҳонӣ зикршуда воҳидҳои Нерӯҳои зудамал аз тамоми кишварҳои узви Созмон - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштиок доранд. Ба амалиёти мазкур дар маҷмӯъ беш аз 2,5 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ, ҳудуди 200 адад аслиҳаву муҳимот ва техникаи ҳарбӣ (бо шумули автомашинаи ҷангии зиреҳпӯш/БТР ва автомашинаи ҷангии десантӣ /БМД), наздики 20 ҳавопаймои ҷангӣ ва чархболҳо ва ҳамчунин 30 адад ҳавопаймои авиатсияи низомӣ-нақлиётӣ сафарбар шуданд.
Ҷузъу том ва воҳидҳои ҳарбии Нерӯҳои зудамали СААД давоми рӯзҳои 13-15 май таъҷилан ба қаламрави Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Нерӯҳои зудамали СААД соли 2009 таъсис дода шуда, ҳайати шахсиаш аз 22 ҳазор нафар сарбозону афсарон иборат аст.
Ҳамчунин Ҳавзаи низомии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия як воҳиди чархболҳои боркашону ҷангии Ми-8, зарбазани Ми-24 ва бесарнишинҳои «Форпост»-ро барои таъмини омодагирии муштараки воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва низомиёни пойгоҳи 201 ба қаламрави Тоҷикистон интиқол дод.
Мавриди зикр аст, ки пагоҳ, 20 май дар шаҳри Хуҷанд машварати котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД баргузор мешавад. Машварати мазкур таҳти раёсати котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров доир гардида, дар кори он дабири кулли СААД Николай Бордюжа иштирок ва суханронӣ мекунад.
Дар машварати котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД масоили марбут ба таъмини амният дар минтақа, вазъ дар Афғонистон ва натиҷаҳои тамрину омӯзишҳои Нерӯҳои зудамали СААД дар машқгоҳи «Ҳарбмайдон»-и гарнизони мавриди баррасӣ қарор мегиранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста