Дар ҷаласаи Кумитаи роҳбарони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар Хуҷанд котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев изҳор намуд, ки Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ё худ НАТО ва ИМА бо тақвияти имконоти ҳуҷум дар наздикии марзҳои Русия натанҳо барои Маскав, балки барои иттифоқчиёни ӯ низ таҳдиду хатарҳо эҷод мекунанд.
«Дар муборизаи давлатҳо барои манфиатҳои худ «амалҳои ғайримустақим» - истифодаи эътирози аҳолӣ, ташкилотҳои тундраву ифротгаро ва ширкатҳои хусусии низомӣ маъмул шудаанд. Имконоти ҳуҷуми онҳо бевосита дар марзҳои Русия тақвият меёбад, ки натанҳо барои мо, балки барои итиффоқчиёнамон низ таҳдид мекунад», - менависад хабаргузории ТАСС бо такя ба гуфтаҳои Патрушев.
Ба иттилои хабаргузории РИА Новости , Патрушев ҳамчунин қайд кардааст, ки «баҳори арабӣ», рӯйдодҳо дар Ироқу Сурия ва Украина зуҳури таҳдиду чолишҳои нави низомӣ ва ҷойивазкунии онҳо ба фазои иттилоотиро инъикос мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти дастгоҳи Шӯрои амнияти ФР иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаи Хуҷанд масъалаҳои вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба вазъ дар минтақаи таҳти масъулияти СААД қарордошта ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии ҷалби ҷавонон ба узвият дар ташкилоту созмонҳои террористӣ баррасӣ шуда, аз санҷиши ногаҳонии ҳолати омодабоши ҷангии воҳидҳои Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД, ки рӯзҳои 12-19 май дар машқгоҳи «Ҳарбмайдон»-и Тоҷикистон баргузор шуданд, наиҷагирӣ шуд ва ҳамчунин атрофи мушкилоти фаъолияти низоми дастаҷамъонаи зудамал дар ҳолатҳои фавқулода ва ҳамчунин фаъолияти муассисаҳои таълимӣ оид ба омодасозии кадрҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти интизомӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви СААД табодули назар сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста