Дар мусоҳиба ба хабаргузории «Азия-Плюс» директори Маркази омӯзиши Афғонистони муосир Умар Ниссор изҳор дошт, ки шояд шиддати вазъ дар Афғонистон ба афзоиши шумори ҳайати пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон боис гардад.
«Қобили таваҷҷуҳ аст, ки шиддатёбии вазъ дар шимоли Афғонистон қариб дар як замон бо хурӯҷи қисматҳои асосии нерӯҳои эътилофи ғарбӣ аз кишвар шурӯъ шуд. Бешубҳа, вазъи мавҷуда кишварҳои минтақа, пеш аз ҳама кишварҳои ҳамҷавори собиқи шӯравии Осиёи Миёна бо Афғонистонро ба таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ин масъала водор месозад ва қабл аз ҳама бо ин сабаб, ки маълумоти аз шимоли Афғонистон дастрасмешуда зидду нақиз ва кофӣ набуда, арзёбӣ ва таҳлили вазъи воқеъиро мушкил месозад», - иброз дошт коршинос.
Ба ҳар ҳол, ӯ ба кофӣ будани иқтидору нерӯ ва имконоти гурӯҳҳои мусаллаҳи дар он сӯи дарёи Панҷ ҷамъомада ҷиҳати убури бузургмиқёси марз шубҳа дорад. «Бо вуҷуди ин, хоҳ нохоҳ вазъи кунунӣ дар шимоли Афғонистон аллакай СААД-ро водор намуд, ки дар минтақаи назди марзи Тоҷикистону Афғонистон шояд бузургтарин размоиши низомӣ тайи солҳои ахирро баргузор кунад», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста