Воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия тарзу усулҳои истифодаи авиатсияи бесарнишинро дар минтақаи баландкӯҳи Помир мавриди санҷиш қарор доданд.
Дафтари матбуоти Ҳавзаи низомии Марказии Русия дар шарҳи ин хабар менависад, низомиён аз Қӯрғонтеппа то ноҳияи Дарвози ВМКБ ба масофаи беш аз 300 километр роҳпаймоӣ (марш) намуда, парвози дастгоҳҳои паврзкунандаи бесарнишини «Гранат» ва «Застава»-ро дар баландии беш аз 3.5 килмоетр аз сатҳи баҳр анҷом доданд.
«Ба туфайли истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, усулҳои амалҳои муштарак бо воҳидҳои низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон «барои таъмини кори тирандозҳо зимни иҳота ва аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, азназаргузаронии минтақаи душворгузар, истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар шароити ҳарорати баланд мавриди омӯзишу амал қарор дода шуданд», - омадааст дар маълумоти хадамоти матбуоти Ҳавзаи низомии Марказии Русия.
Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл дар қаламрави ВМКБ тамринҳои муштараки воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия ва Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор шуда, дар он беш аз 500 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳудуди 100 адад техника ширкат варзиданд.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар гарнизонҳои шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби Тоҷикистон мусиақар буда, яке аз иншооти бузургтарини низомии Русия дар хориҷи кишвар маҳсуб меёбад. Мутобиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 баимзорасида миёни Тоҷикистону Русия, ин пойгоҳ ҳадди ақал то соли 2042 дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур хоҳад дошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста