Баргузории ҷаласаи навбатии муштараки ҳайати мушовара(коллегия)-и Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия аввали моҳи август дар шаҳри Сочии Русия ба нақша гирифта шудааст.
Аз ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҷаласаи муштараки ҳайати мушовара таҳти раёсати вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҳамкории муштараки вазоратҳо дар мубориза бо терроризм ва ифротароии байнулмилалӣ, ҷинояткории фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуда, намояндагони ВКД Тоҷикистон ҳамчунин бо муҳоҷирони кории тоҷики машғули кор дар шаҳри Сочи як силсила вохӯриҳо барпо мекунанд.
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи пешини муштараки ҳайати мушовараи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия моҳи августи соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд доир гардида буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста