Аз рӯи далели бедаракшавии фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Вазорати корҳои дохилӣ Гулмурод Ҳалимов «ҳамаи овозаҳо, ки баъзан мухолифи якдигаранд ва ҳатто тахмину бофтаҳо дар мавриди ин ҳодиса санҷида шуда истодаанд». Дар ин бора ба журналистон сардори Раёсати ҳамкории байнулмилалии ВКД Тоҷикистон Зумрад Солиева зимни брифинг дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба муносибати ҷаласаи қарибулвуқӯъи роҳбарони ВКД-и кишварҳои узви СҲШ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, Вазорати корҳои дохилӣ барои таҳқиқ ва рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ба хадамоти дахлдори кишварҳои ҷаҳон дархостҳои сершумор фиристодааст.
«Ман ба журналистон маслиҳат медиҳам, ки зимни инъикоси ин масъала ба шитобкорӣ роҳ надода, хулосаҳои бармаҳал набароранд», - қайд кард Солиева.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста