Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 26 май раиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СААД, директори Хадамоти федералии Русия оид ба назорати гардиши маводи нашъаовар Виктор Ивановро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни мулоқот масоили марбут ба тақвияту густариши ҳамкории сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Русия дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуда, ба масъалаи тамаркузи талошҳои ҳарду кишвар ва кишварҳои узви СААД алайҳи таҳдидҳои вобаста ба маводи мухаддири аз Афғонистон бармеомада таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
«Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои расонидани кумаки техникӣ ба Агентии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон, омодагии кадрҳо дар ин самт ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар намуданд», - гуфт манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста