Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» собиқадори мақомоти амнияти Иттиҳоди Шӯравӣ, коршиноси масоили омӯзиши терроризми муосир Давлатхӯҷа Назиров изҳор дошт, ки фармондеҳи фирории ОМОН ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов дар Сурия ё Ироқ қарор надошта, эҳтимол аз ҷониби хадамоти махсуси яке аз ҳамсоякишварҳо киро (ҷалб) шуда бошад.
Ба андешаи ӯ, хадамоти Г.Ҳалимовро кирокарда барои узвияти ӯ ба Давлати исломӣ ривояти хуберо бофтаанд.
Назиров мушаххасан нагуфт, ки кадом кишваре тавонистааст ӯро ба ҷониби худ моил созад, вале дар ҳамин ҳол, таъкид дошт, ки «ин кишвар дӯсти Тоҷикистон нест».
«Гуфта наметавонам, ки Г.Ҳалимов бо ҳуҷҷатҳои аслии худ ба Сурия рафта бошад, зеро шиносномаи ҳақиқиро дар марзҳои сершумор, ки ӯ онро дар роҳ ба сӯи ДИИШ убур мекунад, ошкор карда метавонистанд», - таъкид намуд Назиров.
Дар робита ба тақдири минбаъдаи полковники фирорӣ коршинос зикр кард, ки «хоинон дер ё зуд барои ҷиноятҳояшон ҷазои сазовор мегиранд».
«Солҳои 70-уми асри гузашта афсари иктишофи хориҷии Кумитаи амнияти давлатӣ (КГБ)-и Иттиҳоди Шӯравӣ Леонид Полишук, ки ба ҳайси муовини резидент дар Сингапур фаъолият мекард, аз ҷониби хадамоти махсуси ИМА киро шуда, хиёнати ӯ ба давлат чандин миллиард зиён овард ва пас аз бозгашт ба ватан, хиёнатҳои ӯ ошкор гардида, ҳамчун хоини ватан бо ҳукми суд парронда шуд», - гуфт коршинос.
Дар идома ӯ қайд кард, ки дар сурати боздошти Г.Ҳалимов, ҳукуматдорон бояд ба таври истисно барои як ҳолат, моратория ба ҳукми қатлро бекор кунанд ва ӯро ҳамчун хоини ватан ба парронидан маҳкум созанд.
«Ман аз он дар тааҷҷубам, ки вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки вохӯрии нафари аз Сурия бо пушаймонӣ баргашта, сокини Хуҷандро бо аҳли ҷомеа баргузор намуда, зимни мулоқотҳои сершумор бо ҷавонон онҳоро ба саргарму гумроҳ нашудан ба даъватҳои узвият ба ДИИШ ҳидоят мекунад, фармондеҳи воломақоми худро таҳти назорати бояду шояд нагирифтааст. Аз ин рӯ, фаъолияти Раёсати амнияти дохилии ВКД-ро, ки ба чунин шармандагӣ роҳ дод, низ хеле ночиз метавон арзёбӣ кард», - гуфт Назиров.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста