- Вазирони мудофиаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)-ро имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, дар натиҷа як вохӯрии қолабӣ ба гуфтугӯи ҷиддӣ табдил шуд, - қайд кард дабири кулли СААД Николай Бордюжа дар нишасти хабарӣ аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи Созмон дар Душанбе.
Ба гуфтаи Н.Бордюжа, қабл аз ҷаласаи Шӯро вохӯрии вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД бо президенти Тоҷикистон доир гардида, дар он масъалаҳои шиддатёбии вазъ дар ҳамсоякишвари Афғонистон, таҳкими амнияти марзҳо, такмили заминаи меъёрии Созмон ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.
«Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД 8 масъала, аз ҷумла вокуниш ба таҳдиду чолишҳои имрӯза, омодасозии кадрҳо барои нерӯҳои зиддиҳавоӣ, тайёр кардани нерӯҳои ҳомии сулҳ, алоқачиёни ҳарбӣ ва ғайра баррасӣ шуданд», - гуфт дар нишасти хабарӣ вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо.
Ш.Мирзо таъкид дошт, ки дар ҷараёни ҷаласа аъзои Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД ба размоишҳои Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД, ки ахири моҳи май дар қаламрави Тоҷикистон баргузор шуданд, баҳои баланд доданд. «Размоишҳои мазкур гувоҳи онанд, ки Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали Созмон ба таъмини амният дар марзҳои ҷанубии СААД омодаанд»,- қайд кард вазир.
Ёдрас мекунем, ки имрӯз, 4 июн дар шахри Душанбе таҳти раёсати вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД доир гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста